Кишоварзони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ то имрӯз зиёда аз 300 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд

Сентябрь 25, 2021 09:07

ДУШАНБЕ, 25.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имсол кишоварзони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон дар майдони   5950 гектар кишти пунбадона гузаронида, аз ҳосили рӯйида то имрӯз зиёда аз 300 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».

Кишоварзони ноҳия имсол дар асоси  истифодаи босамари омилҳои агротехникӣ, захираҳои дохилӣ ва маслиҳати мутахассисон кишти пунбадона гузарониданд, ки нашъунамои ниҳолҳои пахта мувофиқи талабот мебошад.

Ба гуфти масъули кишоварзии ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷамъоварии ҳосили пахта дар тамоми ҷамоатҳо мувофиқ ба талабори рўз аст. Агар кор бо чунин суръати баланд идома ёбад, нақшаи дурнамо пеш аз муҳлат ба иҷро мерасад.

Ҳадафи деҳқонони ғайратманди ноҳия  он аст, ки ҳосили дар саҳро шукуфтаро дар ҳамин рӯзҳои гарму мусоид беталаф ҷамъоварӣ намуда,  ҳосилнокии заминҳоро нисбат ба солҳои гузашта баланд бардоранд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 25, 2021 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми савдоро то ба 500 миллион доллар расонанд
Пагоҳ дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ оғоз меёбад
Дар 5 моҳи соли 2025 гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,1 миллион долларро ташкил дод
Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ месозад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон 4,7 баробар зиёд гардидааст
Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад