Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
ДУШАНБЕ, 11.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Соҳибназар Ғайратшо дар маҷаллаи олмонии Diplomatisches Magazin зери унвони «Аз оғоз то кунун. Сӣ соли истиқлолият» интишор ёфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин мақола Соҳибназар Ғайратшо нахустин солҳои мустақилияти кишвар ва чолишҳои он замонро дар шакли руҷуъи таърихӣ ба қалам дода, таваҷҷуҳи хонандаро ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда, мароми боризи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди истиқрори суботу ваҳдати миллӣ ва таъмини рушди фарогири иқтисодию иҷтимоӣ дар кишвар ҷалб карда, ҳадафҳои стратегии мамлакатро дар мисоли густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон шарҳ додааст.
Сафири Тоҷикистон дар муаррифии зарфияти мавҷудаи моддӣ ва захираҳои инсонии кишвар, мароми кишвар дар самти татбиқи иқтисоди сабз ва талошҳои он дар самти ҳифзи муҳити зист ва ҳамгироӣ бо кишварҳои минтақаро таъкид намуда, аз доираҳои иқтисодиву тиҷоратии Олмон даъват ба амал овардааст, ки аз афзалиятҳои мавҷуда истифода баранд.
Бо ибрози таманниёти нек ба ҳамватанон, донишҷӯён ва муҳассилини тоҷики муқими Олмон онҳо баҳри андӯхтани донишҳои муосир ва истифодаи малакаву маҳорати худ ба нафъи Ватани хеш роҳнамун гардиданд. Дар ин шумораи маҷалла ҳамчунин таманниёти шарикон ва дӯстони Тоҷикистон ба мардуми тоҷик бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар инъикос ёфтаанд.
Маводро метавонед инҷо бо забони англисӣ ва тоҷикӣ мутолиа кунед:
www.botschaft-tadschikistan.de/dm
АКСҲО аз Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin»








Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд






