Маҷаллаи «Шарҳи вазъи маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 15.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаи «Шарҳи вазъи маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020», ки ҳамасола таҳия ва нашр мегардад, ба чоп расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовар .
Теъдоди нашри маҷаллаи мазкур 300 нусха буда, дар он мақолаҳо аз ҷониби ҳайати таҳририяи Агентӣ бо истифода аз маълумоти пешниҳоднамудаи кормандони агентӣ, инчунин дар асоси маводи дастрасшуда аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон таҳия ва нашр шудаанд.
Маҷаллаи мазкур маводи илмию таҳлилӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати инъикос намудани сиёсати зиддимухаддиротии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, инчунин баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кумаки амалӣ мерасонад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид






