Миёни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Русия барномаи ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.09.2021 /АМИТ /«Ховар»/. 27 сентябр дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Маҷидӣ вохӯрии ниҳоии ҳайати Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии молиявии Вазорати молияи Федератсияи Русия бо кормандони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагирӣ ва муҳокимаи тадбирҳои минбаъда баргузор шуд, хабар доданд аз Вазорати молия ба АМИТ «Ховар».
Вохӯрӣ дар доираи Барномаи ҳамкории дуҷониба байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Русия доир гардида, дар он аз ҷараёни баргузории вохӯриҳои машваратӣ аз рӯи ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ, яъне такмили банақшагирӣ ва буҷетикунонии хароҷоти давлатӣ дар қисмати муносибатҳои байнибуҷетӣ, такмили қоидаҳои фискалӣ барои баланд бардоштани устувории буҷетӣ ва қарзӣ, баланд бардоштани сатҳи шаффофияти маълумоти буҷетӣ, таҳияи низоми пешгӯии даромади буҷет, такмили воситаҳои андоз барои ҳавасмандгардонии саноатикунонии босуръати иқтисод ва таҳкими потенсиали фискалӣ, таҳияи модели мувозинати умумӣ ҳамчун воситаи пешгӯӣ ва таҳлили рушди иқтисоди миллӣ, такмили механизми идоракунии қарзи давлатӣ ва танзими бозори коғазҳои қиматнок натиҷагирӣ карда шуд.
Дар ҳошияи ташриф бо мақсади татбиқи самаранок ва саривақтии Барномаи ҳамкорӣ вохӯриҳо бо намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Иштирокдорони вохӯрӣ ба самаранокии кори анҷомдодашуда баҳои баланд дода, омодагии худро барои боз ҳам зичтар ба роҳ мондани ҳамкории минбаъда ва фаъоли мутахассисони ҳарду ҷониб дар доираи Барномаи ҳамкории дуҷониба изҳор намуданд, ки он бевосита барои татбиқи самараноки самтҳои алоҳидаи ислоҳоти Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат мекунад.
Аксҳо аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






