Миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва «Маркази бисёрсамтаи муҳоҷират»-и Москва Ёддошти тафоҳум баимзо расид
ДУШАНБЕ, 14.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябри соли 2021 вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ бо директори генералии МД «Маркази бисёрсамтаи муҳоҷират» дар шаҳри Москва, Балдин Сергей Александрович баргузор гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳудуди шаҳри Москва, рушди ҳамкориҳои минбаъда ва ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар шаҳри Москва мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии буҷавии шаҳри Москва — “Маркази бисёрсамтаи муҳоҷират” баргузор гардид.
Бояд ќайд кард, ки Ёддошти тафоҳуми мазкур дар натиҷаи сафари кории қаблан анҷомдодаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Руссия ва мулоқоту гуфтугӯи судманди ӯ бо Раиси Шӯрои федеративии Федератсияи Руссия Валентина Матвиенко таҳия карда шудааст.
Муқаррароти асосии Ёддошти тафоҳум рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар асоси созишномаҳои мавҷуда, аз ҷумла татбиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатї дар ҳудуди Федератсияи Россия мебошад.
Дар доираи ин Ёддошти тафоҳум тарафҳо дар самти машваратдињии муҳоҷирони меҳнатӣ оиди бокортаъминшавӣ, тартиби гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурї барои бокортаъминшавӣ, воридшавӣ ва назорати будубоши муҳоҷирон дар шаҳри Москва ҳамкорӣ менамоянд. Инчунин, бо розигии тарафҳо дар доираи Ёддошти тафоҳум имконияти дар оянда таъсис додани намояндагии “Маркази бисёрсамтаи муҳоҷират”-и шаҳри Москва дар шаҳри Душанбе ва бо назардошти талабот дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар назар аст.
Таъсиси намояндагии мазкур барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар самти муҳоҷират, машваратдиҳӣ ба корфармоён, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қонунгузории Федератсияи Россия, бокортаъминкунии шаҳрвандон дар ҳудуди шаҳри Москва ва соддагардонии раванди бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ








«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






