«Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо». Таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир гардид

Сентябрь 6, 2021 15:52

ДУШАНБЕ, 06.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлолият зарурати ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии соҳаи геологияро пазируфт. Чунин зикр намуд 4 сентябр дар ҳамоиши муштараки ҷавонони Саридори геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.

Дар ҳамоиш Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим, Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва роҳбарону кормандони он иштирок намуданд.

Нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳои соҳаи геология боздид  намуданд. Дар намоиш натиҷаҳои фаъолияти Саридораи геология дар тӯли 30 сол, кашфи конҳо, техника ва таҷҳизоти навтарини соҳа, намунаҳои канданиҳои фоиданок, аз ҷумла металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, ороишӣ ва ғайра ба маъраз гузошта шуданд.

Дар ин давра зиёда аз 600 кон ва 800 зуҳурот кашф шуда, ҳоло зиёда аз 50 навъи ашёи минералӣ истихроҷ мегарданд. Бархе аз конҳо аз ҷиҳати захира, аз ҷумла кони нуқра, сурбу руҳи Кони Мансур аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, қисми дигари онҳо, ба монанди кони сурмаю симоби Дижакрӯд дар миқёси ИДМ ҷойҳои аввалинро ишғол менамоянд. Кони ангишти Назар Айлоқ баъд аз кони ангишти «Ха-Ту» дар Ветнам дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол намудааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бо истифода аз захираҳои қаъри замин соҳаҳои саноати кӯҳкорӣ, кимиё, сӯзишворию энергетикӣ, сохтмон ва сангтарошӣ бунёд ва рушд ёфтанд.

Мутахассисони соҳаи геология бо омӯзиш ва пешгӯии равандҳои муҳандисию геологӣ, гидрогеологӣ, заминларза ва рафъи оқибатҳои онҳо пайваста машғуланд. Онҳо дар омӯзиши равандҳои дар кӯли Сарез вуҷуд дошта, ярчи соҳили дарёи Вахш (поёнтари шабакаи барқии Бойғозӣ), таҳқиқоти гидрогеологӣ дар НБО «Норак», муайян намудани дараҷаи таҳлили равандҳои экзогении геологӣ ба объектҳои хоҷагии халқ ва манзилии аҳолӣ, пармакунии чоҳҳоииктишофию истифодабарӣ доир бо обҳоиз еризаминӣ ва роҳи оҳани Бохтар–Ёвон, таҳқиқоти реҷаи истифодабарии ҳавзаҳои обҳои зеризаминӣ, мушоҳида барӣ аз рӯи равандҳои хавфноки геологии дар ҳудуди шаҳри Роғун, ки баъд аз заминҷунбӣ ба амал омаданд, корҳои зиёдро ба анҷом расониданд.

Дар қисмати ҷамъбастии ҳамоиш як қатор ҷавонони фаъоли соҳа бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

АКСҲО аз Саридори геологияи назди Ҳукумати ҶТ

Сентябрь 6, 2021 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!