Намояндагони доираҳои тиҷоратии Узбекистон барои таҳкими ҳамкорӣ ба Тоҷикистон омаданд

Сентябрь 22, 2021 11:59

ДУШАНБЕ, 22.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони доираҳои тиҷоратии Узбекистон барои иштирок дар ду чорабинӣ ба Тоҷикистон омаданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сафари ҳайати тиҷоратии  «Made in Uzbekistan» ба Душанбе аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии пешбурди содироти назди Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Узбекистон ташкил карда шуд. Ҳайати Узбекистонро беш аз 40 ширкате, ки дар соҳаҳои бофандагӣ, чарм ва пойафзол, хӯрокворӣ, заргарӣ, дорусозӣ, сохтмон ва мебел фаъолият менамоянд, намояндагӣ мекунанд», — гуфт манбаъ.

Дар доираи сафари ҳайати доираҳои тиҷоратии Узбекистон дар  Душанбе форуми тиҷоратӣ бо ширкати намояндагони доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мешавад, ки кори он  дар шакли B2B идома хоҳад ёфт. Ҳадафи баргузории форуми тиҷоратӣ ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак, таъсиси истеҳсолот дар қаламрави Тоҷикистон ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад. Ба соҳибкорони Узбекистон дар бораи фазои сармоягузории Тоҷикистон, лоиҳаҳо, тадбирҳо оид ба дастгирии соҳибкорӣ, инчунин дар бораи афзалият ва имтиёзҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, маълумоти зарурӣ пешниҳод  мегардад.

Инчунин дар Душанбе намоишгоҳи доимӣ таҳти бренди «Made in Uzbekistan»  ташкил карда мешавад, ки дар он  молистеҳсолкунандагони Узбекистон молу маҳсулоти соҳаҳои  кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ, сохтмонӣ, нассоҷӣ ва либоси тайёр, лавозимоти чармӣ ва пойафзоли таъйиноти гуногун, матоъ ва маснуоти абрешимӣ, электроника ва техникаи маишӣ, мебел, асбоби санитарӣ, заргарӣ  ва ғайраро ба намоиш мегузоранд.

 Акс аз АМИТ  «Ховар»

Сентябрь 22, 2021 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд