Нашри махсуси маҷаллаи «Diplomatic World» ба муносибати 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар Брюссел
ДУШАНБЕ, 09.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел шумораи махсуси маҷаллаи «Diplomatic World» ба забони англисӣ ба нашр расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин шумораи махсуси маҷалла ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон инъикос гардида, дар ин замина ба дастовардҳои кишвар дар замони Истиқлол, ҳамчунин нақши афзояндаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти махсус дода шудааст.
Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ба маҷаллаи мазкур ҳусни оғоз бахшидаанд.
Маҷалла ба тарғиби дастовардҳои беназири кишвар дар тӯли 30 соли Истиқлол бахшида шуда, мақолаҳои роҳбарони мақомоти давлатиро дар бар мегирад.
Маҷалла бо аксҳои таҷассумкунандаи зебоиҳои Тоҷикистон ороиш ёфтааст.
Шакли электронии маҷалла дар пайванди зерин дастрас аст:
https://www.yumpu.com/en/document/read/65854094/diplomatic-world-tajikistan








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






