Оғози сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон ва ифтитоҳи бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон

Сентябрь 23, 2021 08:05

ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи якчанд иншооти таъйиноти гуногун ва суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи муваққатии деҳаи Калтачинор меҳмони олиқадрро Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон нахуст бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир дар масоҳати 1841 метри мураббаъ сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд.

Корҳои паймонкорию сохтмониро дар бинои маъмурӣ мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафо -1”  анҷом додаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ 40 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Тамоми ҳуҷраҳои кории бинои нав бо дастгоҳу таҷҳизоти корӣ таъмин буда, барои фаъолияти пурсамари кормандон бисёр созгор аст.

Дар бинои нав ҳамзамон толори маҷлис бо 150 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад, ки барои баргузории чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Ҳуҷраҳои кории шуъбаю бахшҳои дастгоҳу мақомот ва бойгонӣ дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, ҳуҷраҳои кории роҳбарияти ноҳия, дастгоҳи раиси ноҳия ва муовинон бо тамоми лавозимоти корӣ  дар ошёнаи дуюм муҷаҳҳаз мебошанд.

Бо ба истифода додани бинои нави маъмурӣ сатҳу сифати корбарӣ  беҳтар мегардад.

Дар ҳуҷраҳои корӣ технологияи иттилоотию коммуникатсионии сатҳи муосир васл ва бо мақсади ба роҳ мондани назорати доимӣ дар бинои мақомот камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудаанд.

Саҳни бино дар масоҳати 431 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, бо мақсади ободу зебо нигоҳ доштани атрофи он дар масоҳати 680 метри мураббаъ корҳои сабзазоркунӣ анҷом дода шудаанд.

Инчунин дар атрофи иншоот ниҳолҳои ороишию сояафкан ва қариб 4000 дона гулҳои мавсимӣ шинонида шудаанд.

Бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон дар шафати шоҳроҳ ҷойгир буда, бо тарҳи хос ва дар асоси санъати меъмории миллӣ бунёд шуда, ба ҳусни маркази ноҳия зебоии дигар зам менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иншоотро туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми кормандону сокинони ноҳия маънидод карданд.

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон ва ифтитоҳи бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон 23.09.2021

Сентябрь 23, 2021 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд