ОБУ ҲАВО: Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе 35+37 дараҷа гарм мешавад

Сентябрь 17, 2021 08:07

ДУШАНБЕ, 17.09.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш шуда, ҳаво  рӯзона  дар шаҳри Душанбе 35+37 дараҷа гарм мешавад.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри  бебориш  дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва  рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 1-6 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона  16+21  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш пешгӯи мешавад.  Шамол  аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 12-17  метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 12+17  ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11  дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  камабри  бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19  ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12+17  ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 11+16 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона  29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  13+15  ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 17, 2021 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид