ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 30+32 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 10.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 30+32 дараҷа гарм мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14, рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона тағйр ёфта аз 0+5 гарм то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабр, дар баъзе тағйрёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати 13-18 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо чанги ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр, дар ноҳияҳои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳи борони кӯтоҳмуддат борида, чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи бо шиддати 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад






