ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр шуда, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд

Сентябрь 27, 2021 08:07

ДУШАНБЕ, 27.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш  шуда, шамол  аз самти шарқ бо суръати 7-12 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 17-22 метр дар як сония мевазад.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13  ва  рӯзона 23+28  дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона  12+17  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш пешгӯӣ мешавад.  Шамол  аз самти шарқ бо суръати 7-12 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11+16  ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11  дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  камабри  бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 15-20  метр дар як сония вазида, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19  ва рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15  ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 13-18  метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 10+15 ва рӯзона 27+32  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона  23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона  13+15  ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 27, 2021 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд