ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳаво 36 дараҷа гарм мешавад

Сентябрь 23, 2021 08:04

ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат дар вилояти Хатлон  ба 36  дараҷа мерасад.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12  ва  рӯзона 27+32  дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона  13+18  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш пешгӯӣ мешавад.  Шамол  аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10+15  ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10  дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  камабри  бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17  ва рӯзона 31+36  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16  ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 10+15 ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона  27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  11+13  ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 23, 2021 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад