ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кормандони Шабакаи тақсимоти барқ дар Кӯлоб ба таъмири трансформаторҳо ва санҷиши хатҳои барқӣ машғуланд
КӮЛОБ, 12.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони филиали ҶСК Шабакаи тақсимоти барқ дар шаҳри Кӯлоб дар ин рӯзҳо ба таъмири трансформатор, санҷиши хатҳои барқӣ ва таъмири техника сафарбар гардида, кӯшиш доранд, ки дар фасли зимистон ягон мушкилӣ сабаби бебарқӣ нагардад. Айни ҳол шароити кормандони шабакаҳои барқӣ хуб ба роҳ монда шуда, онҳо бо либосҳои махсуси корӣ, таҷҳизоти алоқавӣ ва дигар шароити зарурӣ таъмин мебошанд.
Тавре роҳбари филиал Ғайратшо Маҳмуродзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, мушкили асосӣ дар кор- ин иваз кардани симчӯбҳо буд, ки айни ҳол 60%-и симчӯбҳо дар ноҳияҳои Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ноҳияи Фархор иваз карда шуданд.
Ба гуфти сардори Хадамоти механизатсия ва нақлиёти филиал Фаррух Забиров, дар минтақа 126 техника фаъол буда, бо дастгирии директори генералии ҶСК Шабакаҳои тақсимоти барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон Умедҷон Билолзода, сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, таҷҳизоти барқӣ, симчӯб ва дигар таҷҳизоте, ки ба барқ вобастагӣ доранд, сари вақт дастрас карда мешаванд.
Инчунин аз ҷониби масъулини филиал баҳри риояи ҳатмии техникаи бехатарӣ моҳе як маротиба бо кормандони шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо вохӯрӣ ва аз рӯи дастурамал омӯзиш мегузаронанд.
Баҳри таъмини муътадили барқ ба аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб дар ду соли охир ду зеристгоҳи барқии 35 ба 10 киловатта ба истифода дода шуда, инчунин 32 адад трансформатор насб карда шуд. Кашонидани хатҳои интиқоли барқи 0,4-киловатта дар шаҳри Кӯлоб ва хати барқии 35-киловатта дар масофаи 1,8 км дар мавзеи Ҷамоати деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод идома дорад.
АКС аз манбаъҳои боз








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






