Пагоҳ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз гузаронида мешавад

Сентябрь 2, 2021 11:44

ДУШАНБЕ, 02.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 3 сентябр дар  Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳафтаи китоб ва Рӯзи китоб, ки аз соли 2007 инҷониб аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидаву ҳамасола ҷашн гирифта мешаванд, Рӯзи дарҳои боз  баргузор мегардад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абубакр Манонзода.

Дар ин рӯз аз ҷониби шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён, шуъбаи нигаҳдории депозиторӣ, шуъбаи кӯдакон ва наврасон, шуъбаи хизматрасонии библиографӣ, шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ, шуъбаи адабиёти хориҷӣ, шуъбаи библиографияи миллӣ, шуъбаи матбуоти даврӣ, маркази тоҷикшиносӣ, шуъбаи илмҳои дақиқ ва шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар  намоишҳои китоб ва дастовардҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистонро манзури иштирокдорон ва меҳмонон менамоянд.

Ҳадаф аз баргузории  Рӯзи дарҳои боз ҷалби таваҷҷуҳи омма ба китоб ва китобхона аст. Роҳандозии ин гуна рӯзҳо дар Китобхонаи миллӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва дар ҳама ҷашнҳои миллӣ меҳмонону  сокинони мамлакат имкон пайдо мекунанд бо толорҳои хониши китобхона аз наздик шинос шаванд.

Дар ин рӯз сокинони шаҳри Душанбе, омӯзгорону хонандагони  литсею мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, меҳмонони хориҷӣ  аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон метавонанд дидан намоянд. Кормандони масъули Китобхонаи миллӣ меҳмононро ба толорҳои хониш роҳнамоӣ карда, ба онҳо тарзҳои ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости  китобро нишон дода, бо намудҳои хизматрасониҳои  ройгону шартномавии  китобхона шинос менамоянд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 2, 2021 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд