Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Роштқалъа ба истифода супориданд

Сентябрь 28, 2021 07:53

ДУШАНБЕ, 28.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр дар ноҳияи Роштқалъа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро,  ки бо санъати баланд бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Майдони Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Роштқалъа бунёд гардида, атрофи он бо шаклу услуби хоси меъморӣ сохта шудааст. Баландии пояи Парчам 33 метрро ташкил дода, паҳноии матои Парчам 4 ва дарозияш 8 метр мебошад.

Пояи Парчами давлатӣ бо сангҳои ороишӣ оро ёфтааст ва корҳои сохтмонии он бо сифати баланд ва бо назардошти санъати муосири меъморӣ анҷом дода шудааст.

Дар майдони Парчами давлатӣ барои сокинон шароити хуби сайру гашт ва фароғат фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар гулгашти назди Парчам 16 адад нишастгоҳ насб гардида, майдон  бо гулҳои ороишӣ зебу зинат ёфтааст. Ҳамчунин дар ҳудуди  майдон дарахтони ороишӣ  ва сояафкан  шинонида шудаанд, ки ба иншооти мазкур шаҳомати дигар зам мекунанд.

Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа ҳамчунин дорои даромадгоҳи зебо буда, атрофи иншоот бо панҷара пӯшонида шудааст.

Хусусан шомгоҳон мавзеи мазкур назаррабо буда, ҳудуди майдонро 24 чароғпояи зебову замонавӣ равшанӣ мебахшанд.

Бунёду ба истифода додани рамзҳои давлатдорӣ ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳои мамлакат бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ин иқдом намунаи беҳтарини тарбияи насли ҷавону наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дониста мешавад. Дар доираи ҳамин иқдоми наҷиби давлатдорӣ сокинони ноҳияи Роштқалъа низ соҳиби чунин иншоот гардиданд ва минбаъд метавонанд дар ин майдон ҳамоишу чорабиниҳои гуногуни ватандӯстӣ баргузор намуда, ҳамчунин истироҳату сайру гашт кунанд.

Ба истифода додани майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Роштқалъа 28.09.2021

Сентябрь 28, 2021 07:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ