Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
ДУШАНБЕ, 13.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 сентябри соли 2021 Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни ин сафар сарони давлатҳо «якка ба якка» ва дар ҳайати васеъ бо иштироки ҳайатҳо гуфтушунид хоҳанд кард.
Президентони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар маросими санги асос гузоштан ба таҳкурсии панҷ мактаби таълимӣ бо забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода дар шакли видеоконференсия ширкат хоҳанд кард.
Дар поёни музокирот ба имзо расонидани Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия оид ба таъмиқи минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқи стратегӣ, инчунин зиёда аз бист санади нав ба нақша гирифта шудааст.
АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид






