Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши техника дар шаҳри Хоруғ дидан намуда, бо лоиҳаҳои «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ, марҳилаи 2» ва «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 29.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хоруғ бо татбиқи лоиҳаҳои “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ, марҳилаи 2” ва “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ” шинос шуданд.
Нахуст Сарвари давлат аз техникаҳои манзилию коммуналӣ ва партовкашонӣ, ки ба маъраз гузошта шуданд, дидан карданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи лоиҳаҳои мазкур автомошинаҳои махсуси ёрии техникӣ, асанезатор, асбоб-детектор оид ба муайян намудани ҷойҳои садама дар системаи обтаъминкунӣ, инчунин 6 техникаи махсусу ёрирасон барои кормандони соҳаи манзилию коммуналӣ харидорӣ гардидаанд ва баҳри хизматрасонӣ дар шаҳри Хоруғ сафарбар карда мешаванд.
Техникаҳо замонавӣ буда, фаъолияти кормандони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналӣ ва Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғро дар самти хизматрасонӣ ба корхонаву ташкилот ва аҳолӣ бамаротиб беҳтар менамоянд. Дар доираи Лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ, марҳилаи 2” ду стансияи канализатсионӣ таҷдид, бинои маъмурии Корхонаи таъминоти об ва канализатсия таъмир, 14,7 километр қубурҳои обгузар барқарор ва 8 километр хати оби нав кашида шудааст.
Иқтидори ду пойгоҳи канализатсионӣ, ки аллакай пурра таҷдид шудааст, 12 ҳазор метри мукаабро дар як шабонарӯз ташкил медиҳад. Таҷҳизоти барқии пойгоҳҳо низ замонавӣ гардонида шуда, ба таври автоматӣ кор мекунад. Бинои маъмурии Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғ аз 13 ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, ба таври муосир таъмир гардидааст. Ҳоло дар доираи лоиҳа сохтмони 5 ҳавзи пасобтозакунӣ идома дорад. Масоҳати умумии иншооти пасобтозакунӣ 1,5 гектарро ташкил медиҳад ва он берун аз шаҳр ҷойгир мебошад. Дар заминаи бунёди иншоот пасоби шаҳри Хоруғ дар чор марҳила полоида мешавад ва барои истифода ҳамчун оби полезӣ имконпазир мегардад.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ, марҳилаи 2” беш аз 90 фоиз иҷро гардидааст.
Иҷрои Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ” 63 фоизро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳаи мазкур сохтмони партовгоҳи беруназшаҳрии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ идома дорад.
Масоҳати умумии иншоот 15 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, он то охири соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Ҳоло дар партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ ширкати “Ҳаят гурӯҳ”-и Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ҷалби 7 техникаи пуриқтидор ва сохтмончиёни маҳаллӣ кор карда истодаанд.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи баъдӣ дар ин минтақа таъсиси корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ низ пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот 75 фоиз иҷро гардидаанд.
Сохтмони бинои маъмурӣ ва иншооти ёрирасони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хоруғро ҳам сохтмончиёни маҳаллӣ дар доираи барнома 75 иҷро намуда, ҳоло қисман корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи дуюми бинои ёрирасон, аз ҷумла утоқҳои истироҳатии кормандон ва рангу бори дигар биноҳоро идома дода истодаанд. Ин иншоот низ то моҳи декабри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Мавриди зикр аст, ки иншооти таъминоти об ва канализатсия, инчунин хоҷагии манзилию коммуналӣ дар шаҳри Хоруғ солҳои тӯлонӣ истифода гардида, кӯҳнаву фарсуда шудааст. Акнун баъди татбиқи Лоиҳаҳои “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ, марҳилаи 2” ва “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ” сатҳи хизматрасонӣ дар соҳа беҳтар гардида, шароити созгори зиндагӣ ба мардум фароҳам меояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаи ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои созанда ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ изҳори сипос намуда, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои боқимонда ҳидоят карданд.









Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






