Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони Нишони давлатиро дар ноҳияи Темурмалик мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Темурмалик Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Майдони Нишони давлатӣ дар ҳудуди шаҳраки Баҳманрӯд дар масоҳати 1292 метри мураббаъ ташкил гардида, баландии пояи Нишон 22 метрро ташкил медиҳад. Сутунпояи Нишони давлатӣ бо санъати баланди меъморӣ ва бо истифода аз сангҳои ороишӣ бунёд ёфта, корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд анҷом дода шудааст.
Дар майдони мазкур барои сайру гашт ва тамошои сокинону меҳмонони ноҳия шароитҳои мусоид фароҳам гардидааст. Аз ҷумла, бунёди 4 фаввораи замонавӣ аз ду тарафи майдон ин маконро барои истироҳату фароғат муносибу мусоид ва зебо намудааст.
Атрфи иншооти навро гулу буттаҳои ороишӣ зебу зиннат медиҳанд. Дар маҷмӯъ 132 метри мураббаи майдони Нишони давлатӣ майсазор гардида, дар гирду атрофи он наздики 1000 адад гулҳои мавсимӣ бо шаклу ороишоти гуногун шинонида шудааст.
Ҳамчунин роҳрав ва ҳудуди иншоот дар масоҳати 1200 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудааст. Чароғонии мавзеи мазкурро шомгоҳон 15 сутунпоя бо чароғҳо равшанӣ медиҳад.
Қобил ба тазаккур аст, ки сохтмони Майдони Нишони давлатӣ дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва арҷ гузоштан ба асолати миллӣ бунёд гардида, барои баргузории иду ҷашнҳо дар ин ҷо имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулин дастур доданд, ки атрофи иншооти мазкур ҳамеша чунин ободу зебо ва сабзпӯш нигоҳ дошта шавад.









СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд






