Роҳи мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт аз ҷониби ширкати чинӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 01.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳи мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт аз ҷониби ширкати чинии «China State Construction Xinjiang Construction Engineering Group Co» сохта мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.
Дар робита ба ин дар Душанбе ҷиҳати татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт байни Вазорати нақлиёти Тоҷикисион ва ширкати «China State Construction Xinjiang Construction Engineering Group Co» қарордод ба имзо расонида шуд. Санадро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ширкати чинии «China State Construction Xinjiang Construction Engineering Group Co» Ма Йоунг ба имзо расониданд.
Лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт аз ду марҳила иборат буда, марҳилаи якум- Ҳулбук – Темурмалик 33,4 км, марҳилаи дуюм Темурмалик – Кангурт 25,17км-ро дар бар мегирад.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз ҳамкории густурда дар соҳаҳои мухталифи байни Тоҷикистон ва Чин ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати чинӣ бо сифати баланд ва сари вақт ба анҷом хоҳад расид.
Акс аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид






