Роҳи мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт аз ҷониби ширкати чинӣ сохта мешавад

Сентябрь 1, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 01.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳи мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт аз ҷониби ширкати чинии «China State Construction Xinjiang Construction Engineering Group Co» сохта  мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.

Дар робита ба ин дар Душанбе ҷиҳати татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт байни Вазорати нақлиёти Тоҷикисион ва ширкати «China State Construction Xinjiang Construction Engineering Group Co» қарордод ба имзо расонида шуд. Санадро   Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ширкати чинии «China State Construction Xinjiang Construction Engineering Group Co» Ма Йоунг  ба имзо расониданд.

Лоиҳаи сохтмони  роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт аз ду марҳила иборат буда, марҳилаи якум- Ҳулбук – Темурмалик 33,4 км,  марҳилаи дуюм Темурмалик – Кангурт 25,17км-ро дар бар мегирад.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз ҳамкории густурда дар соҳаҳои мухталифи  байни Тоҷикистон ва Чин ёдовар шуда,  изҳори боварӣ намуд, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати чинӣ бо сифати баланд ва сари вақт ба анҷом хоҳад расид.

    Акс аз Вазорати  нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 1, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Вахш кишти пунбадона идома дорад
Дар Москва ҷаласаи Шурои соҳибкории Русияву Тоҷикистон баргузор гардид
Корҳои омодагӣ барои баргузории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ идома доранд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар самти рақамикунонии иқтисод ва татбиқи зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Душанбе оид ба баргузории Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ нишасти матбуотӣ доир шуд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» тадбирҳои беҳдошти ҳолати гидрологӣ амалӣ гардиданд
Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд
Аз ноҳияи Дӯстӣ ба Федератсияи Русия маҳсулоти кишоварзӣ содирот мегардад
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар беш аз 7 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд
Оид ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ форуми байналмилалӣ доир мешавад