САБЗАВОТ ДАР МУРҒОБ. Таъсиси нахустин гармхона дар ноҳия ба дили сокинон умеду гармӣ бахшид
ХОРУҒ, 27.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Як сокини маркази ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо бунёди гармхонаҳо собит намуд, ки дар шароити иқлими қаҳратуни ин ноҳия коштани сабзавоти гуногун ва гирифтани ҳосили дилхоҳ мумкин аст, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Ба гуфтаи ин сокини ноҳия, “ҳар касе, ки ба ноҳияи Мурғоб сафар мекунад, одатан бо худ сабзавоту меваҷот мегирад, зеро дар ин ҷо гӯшту ширу ҷурғотро ба осонӣ ёфтан мумкин аст, аммо сабзавоту меваҷот мисли тухми анқо камёфт аст. Ниёгони мо шояд аз беҳавсалагӣ ва ё надоштани шароит ҳамеша исрор меварзиданд, ки хок, боду ҳавои ноҳия барои коштану шинондани ҳар гуна тухмиву ниҳоли сабзавот мутобиқ нест”.
Аммо як сокини маркази ноҳия Раҳмон Ғуломамадов ба ҳарфҳои ҳамдеҳагонаш гӯш надода, моҳи майи соли равон дар қитъаи хурди замини наздиҳавлигиаш гармхона бунёд ва чанд намуд сабзавот кишт кард. Пас аз як моҳ тухмии помидору бодиринг аз замин неш зада баромад ва охири моҳи август нахустин ҳосили сабзавотро ҷамъоварӣ карда, ба хешу табор ва ҳамсояҳо тақсим намуд.
Шояд пас аз ин номи Раҳмон Ғуломамадов ҳамчун яке аз нахустин сабзавоткорон дар саҳифаи китоби кишоварзони вилоят сабт шавад. Зеро давоми садсолаҳо ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки дар ин ноҳияи баландкӯҳ ба сабзавоткорӣ машғул шавад. Акнун сокинони маркази ноҳия аз назди ин гармхона гузашта, бо ҳайрат ба ҳосили сабзавот менигаранд.
Раҳмон Ғуломамадов аз он ки рӯи дастурхони ҳамсояҳоро сабзавоти гармхонааш оро медиҳад ва ё дар тӯю маъракаҳои хурсандӣ ба кӯдакон сабзавотро ҳамчун туҳфаи тӯёна тақдим мекунад, хеле хушҳол аст. Ӯ ният дорад, ки аз баҳори соли оянда майдони замини гармхонаро васеъ намуда, ҳамсояҳои худро низ ба ин шуғл ҳавасманд ва бо ҳамин бозори маркази ноҳияро бо сабзавоти тару тозаи маҳаллӣ таъмин намояд.
АСКҲО : АМИТ «Ховар»










Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид






