Саидмурод Фаттоҳзода бо Чэн Дайвэн мулоқоти судманд анҷом дод

Сентябрь 1, 2021 16:18

ДУШАНБЕ, 01.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо мушовир оид ба масъалаҳои сиёсии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чэн Дайвэн мулоқот намуд, иттилоъ дод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон нахуст ба меҳмон дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, ҳамзамон изҳор дошт, ки барои мо мояи ифтихори бузург аст, ки Парлумони мамлакатамон бо бештари парламентҳои кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкорӣ ва муносибати хуб дорад. Бо мақсади рушди ҳамкории дуҷонибаи байнипарлумонӣ дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо парламенти Чин таъсис дода шудааст.

«Бо таваҷҷуҳ ба иқтидори бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва соҳиби таҷрибаи ғании азнавсозии кишвар, қабл аз ҳама, вобаста ба гузариш ба муносиботи бозорӣ Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи арзишмандро ишғол менамояд»,- гуфт раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон ва афзуд, ки анҷоми боздидҳои бесобиқаи расмӣ ва дӯстонаи Сарони ду кишвар ба ҷумҳуриҳои ҳамдигар, имзои асноди гуногуни ҳамкорӣ, ки барои мардум ва миллати ин кишварҳо тақдирсоз буда, асоси баробарҳуқуқӣ, ҳамсоягии ҳасана, эҳтироми байниҳамдигарӣ, эътимод ва мавқеъҳои муштаракро дар бар мегиранд, нишонаи мавҷуд будани ҳамкории дӯстона ва дорои сатҳи баланд мебошад.

Саидмурод Фаттоҳзода изҳори боварӣ кард, ки риштаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ҷумҳуриҳои мо то ҳадде қавӣ аст, ки дар ин миён ҳеҷ гуна мушкилоти ҳалношуда вуҷуд надорад. Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон изҳор дошт, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумак ва сармояи Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз 100 тарҳи муштарак дар бахшҳои иқтисод, бахусус дар заминаи энергетика ва коммуникатсия дар ҳоли иҷро қарор доранд. То кунун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои муштараки Чин ва Тоҷикистон ба нафъи мардум фаъолият доранд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки вохӯрии имрӯза барои таҳкими муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳамаи соҳаҳо заминаи тоза фароҳам хоҳад овард.

Мушовир оид ба масъалаҳои сиёсии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чэн Дайвэн низ аз сатҳи ҳамкории кишвараш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон иброз дошт, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дорои зарфияти бештари барқарории равобит бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ин кишвар ҳар замон омода аст, ки аз ин зарфият барои миллату мардуми Тоҷикистони дӯсту ҳамҷавор истифода намояд.

Дар мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 АКС аз Маҷлиси намояндагон

Сентябрь 1, 2021 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд