Салиби Сурх ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода кумаки техникӣ расонид
ДУШАНБЕ, 06.09.2021 /АМИТ «Ховар/. Дар доираи татбиқи ҳамкории дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Намояндагии Салиби Сурхи байналмилалӣ дар Тоҷикистон воситаҳои техникӣ ва таҷҳизот дастрас карда шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Воситаҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани зарфияти техникии дастаҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардида, аз тахти хоби тиббӣ, тонометр, термометрҳо, боксҳо, бандинаҳо, сепоя иборат мебошанд.
Ҳамаи воситаҳои супурдашуда аз ҷониби наҷотдиҳандагони Кумита дар ҷараёни роҳандозии амалиёти садамавиву наҷот истифода хоҳанд шуд.
АКС: КҲФ ва МГ








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






