Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бинои маъмурии Нозироти андозро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 28.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъа ҳамчунин бинои нави Нозироти андозро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нави Нозироти андоз туҳфаи арзандаест ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба кормандони мақомоти андоз, соҳибкорон ва сокинони ноҳияи Роштқалъа.
Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати умумии 692 метри мураббаъ сохта шуда, дар рафти корҳои бунёдӣ 35 нафар сохтмончии маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа» буда, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Орз-1» мебошад.
Бинои нави Нозироти андоз аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар қабати якум шуъбаҳои хизматрасонӣ ба шаҳрвандони ҳуқуқию соҳибкорони инфиродӣ, терминал ва шуъбаи бақайдгирӣ ҷойгир аст. Ошёнаи дуюм дорои маҷлисгоҳ, утоқи роҳбарият ва дигар иншооти ёрирасон мебошад, ки ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти насли нав муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Дар бино ҳамчунин толори алоҳидаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон бунёд гардидааст, ки дар он соҳибкорон имкон доранд бо истифода аз шабакаи интернет аз хизматрасониҳои мақомоти андоз истифода баранд, аз ҷумла, эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд.
Пешвои муаззами миллат аз фароҳам гардидани имконияти муосир дар ноҳияҳои дурдаст изҳори қаноатмандӣ карда, масъулинро ба хизмати содиқонаю софдилона ҳидоят намуданд.
Дар навбати худ кормандони мақомоти андоз аз дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, фароҳам овардани беҳтарин шароити корӣ дар бинои нави Нозироти андоз изҳори сипос карда, Президенти мамлакатро бовар кунониданд, ки дар ҷавоб ба ин дастгириҳо беҳтар фаъолият мекунанд ва тамоми донишу таҷрибаи худро ба ҷамъоварии саривақтии андозҳо, дар сатҳи баланду муосир анҷом додани хизматрасонии андозӣ ба шаҳрвандону соҳибкорон равона менамоянд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ






