Шумораи махсуси маҷаллаи «Business Central Asia» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба нашр расид

Сентябрь 2, 2021 08:15

ДУШАНБЕ, 02.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон шумораи махсуси маҷаллаи «Business Central Asia» ба нашр расида, миёни  хонандагони сершумори он паҳн гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар шумораи махсус мақолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ», паёми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва инчунин маълумот доир ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон дар даврони истиқлол ва чорабиниҳои сиёсии байналмилалӣ, ки тайи соли ҷорӣ дар Душанбе доир гардиданд, ҷой дода шудаанд.

Инчунин дар маҷалла мақолаҳои алоҳида доир ба иқдомҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи мудирияти захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо, робитаҳои дуҷониба байни кишварҳои ба ҳам бародари Тоҷикистону Ҳиндустон ҷой карда шудаанд. Фасли иқтисоду рушди маҷалла ба дастовардҳо ва имконияти соҳаҳои саноат ва саёҳати Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар бахши фарҳанги маҷалла мақола бахшида ба ҳаёту фаъолияти шоири маъруф ва Қаҳрамони  Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки ҷиҳати тақвияти пайвандҳои адабию фарҳангии ду кишвар саҳми бузург гузоштааст, ҷой дода шудааст.

Маҷалла  бо мақолаҳо ва аксу маълумот доир ба ҷашнҳои миллӣ — Наврӯз, Сада ва Меҳргон-  муаррифи фарҳанги ғании миллӣ ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом меёбад.

 

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

 

 

Сентябрь 2, 2021 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд