Сокинони ноҳияи Лахш дар гирифтани ваксина бар зидди бемории COVID – 19 фаъолнокӣ нишон медиҳанд

Сентябрь 26, 2021 09:16

ЛАХШ, 26.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Лахш бо иштироки кормандони Маркази иммунопрофилактикаи ноҳия маъракаи эмгузаронӣ бар зидди бемории сироятии COVID — 19 бо маром ҷараён дошта, аз моҳи май баробари ворид гардидани  1184 воя ваксинаи «AstraZeneca» эмгузаронӣ бар зидди COVID — 19 оғоз гардид. Дар марҳилаи аввал кормандони соҳаи тиб ва омӯзгорон ваксина шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти директори маркази мазкур  дар ноҳияи Лахш Ҳалим Шарифов.

Моҳҳои июл ва август 16440 воя ваксинаи «Модерна» ва  15000 вояи ваксинаи «Синавак» ба  ноҳия ворид шуд. Кормандони Маркази иммунопрофилактика дар якҷоягӣ бо кормандони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 9564 нафарро иммунизатсия намуданд. Айни замон дар марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Лахш эмгузаронӣ ба таври ихтиёрӣ амалӣ шуда истодааст.

Сокинони ноҳияи дурдасти Лахш аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, махсусан дар самти сари вақт дастрас намудани ваксинаи зидди бемории сироятии  коронавирус изҳори минатдорӣ намуда, бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, аз ин ваксинаҳо истифода менамоянд.

АКС: АМИТ  «Ховар»

Сентябрь 26, 2021 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд