ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, панҷшанбе, 245-умин рӯзи соли 2021 аст

Сентябрь 2, 2021 08:00

2 сентябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба шумораи зиёди шахсоне, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа хизматҳои шоёни таҳсин кардаанд, мукофотҳои давлатӣ супориданд.

***

10 сол пеш, 2 сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сеюми сарони давлатҳои «Чоргонаи Душанбе» — Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Россия баргузор гардид, ки дар он  сарони давлатҳои «Чоргонаи Душанбе» масоили ҳамкории минтақавии чор давлат дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро баррасӣ намуданд.

***

2 сентябри соли 2015 дар шаҳри Пекин Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи техникӣ-иқтисодӣ ба имзо расид.

 2 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ветнам – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Россия – Рӯзи гвардия.

РӮЙДОДҲО:

2 сентябри соли 2017 дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти ширкати технологии «Хуавей» хонум Лин Жуйтсӣ масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуданд.

***

12 сол пеш, 2 сентябри соли 2009 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аввалин ҷаласаи якҷояи минтақавии комиссияҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаҳои наздисарҳадӣ баргузор гардид.

***

2 сентябри соли 1993 Ӯзбекистон дар бораи то соли 2000 иваз намудани ҳуруфоти худ аз кирилӣ ба лотинӣ  эълон нашр намуд.

***

81 сол муқаддам, 2 сентябри соли 1940 нишони фарқкунандаи маршалҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ- «Ситораи маршал» ҷорӣ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1939 дар Британия Кабир қонун дар бораи хизмати миллӣ дар армия барои мардони аз 18 то 41-сола қабул гардид.

***

2 сентябри соли 1996 дар Украина пули нав – гривна ба муомилот бароварда шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1931 дар шаҳри Хоруғ аввалин шумораи рӯзномаи вилоятии «Бадахшони Сурх» нашр шуд.

***

Соли 1958 дар Чин аввалин стансияи телевизионӣ ба фаъолият оғоз кард.

Сентябрь 2, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст