ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, душанбе, 270-умин рӯзи соли 2021 аст

Сентябрь 27, 2021 08:00

27 сентябри соли 2015 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об», ки бо ибтикори Тоҷикистон ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд.

***

8 сол пеш, 27 сентябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Тавилдара бинои муҳташами «Кохи фарҳанг» расман ба истифода дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

27 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии туризм.

***

Дар Муғулистон – Рӯзи телевизион.

***

Дар Россия  — Рӯзи кормандони муассисаҳои томактабӣ.

РӮЙДОДҲО:

27 сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «ВАО ва муҳоҷират» ҷамъомад баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» маросими ифтитоҳи намоиши серӯзаи молҳои содиротии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

***

27 сентябри соли 1791 ба яҳудиёни Франсия шаҳрвандӣ дода шуд.

***

200 сол муқаддам, 27 сентябри соли 1821 Мексика аз Испания ҷудо шуда, истиқлолият ба даст овард.

***

Дар ин рӯзи соли 1905  дар Ню-Йорк занеро барои дар дохили автомобил кашидани тамоку ҳабс карданд.

***

27 сентябри соли 1953 Япония қувваҳои миллии худмуҳофизатиашро таъсис дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Cоли 2018 дар шаҳри Душанбе таҳти раисии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Мухриддин ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

Соли 1977  аввалин неругоҳи атомии Украина нахустин бор  ҷараёни барқ ҳосил кард.

Сентябрь 27, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш