Тоҷикистон оид ба таъсири дигаргунии дастрасии обҳои аз ях ва барф тавлидшуда ба ҷомеа чорабинии сатҳи баланд доир намуд
ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои доимии кишварҳои Маҷористон, Покистон, Непал ва Русия, инчунин Дафтари СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN DESA), Барномаи СММ оид ба муҳити зист (UNEP), Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ (WMO), ниҳоди СММ-об (UN Water) ва Барномаи байниҳукуматии гидрологии ЮНЕСКО (UNESCO IHP) чорабинии канории сатҳи баландро зери унвони «Таъсири дигаргунии дастрасии обҳои аз ях ва барф тавлидшуда ба ҷомеаи мо» баргузор намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Чорабинии мазкур дар ҳошияи Ҳафтаи сатҳи баланди иҷлоси 76 -уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо иштироки зиёда аз 70 намояндаи кишварҳои узв ва созмонҳои байналмилалӣ доир гардида, мавзӯи асосии он ба масъалаи таъсири тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ва алоқамандии иқлим бо дастрасӣ ба об бахшида шуда буд. Маъракаи зикршуда аз ду панел, аз ҷумла панели сатҳи баланд ва панели коршиносон иборат буд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба маъракаи мазкур ҳусни оғоз бахшида, аз таъсири тағйирёбии иқлим ба дастрасӣ ба об ва аҳамияти ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо сухан гуфт.
Бояд тазаккур дод, ки зимни панели сатҳи баланд Президенти иҷлоси 76 -уми Маҷмаи Умумии СММ Абдулло Шаҳид, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Маҷористон, Покистон, инчунин муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Луи Женмин, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ Петтери Таалас, Ёвари директори генералии ЮНЕСКО хонум Шамила Наир Бедуэлле, Директори бахши глобалии Бонки ҷаҳонӣ оид ба об хонум Ҷениффер Сара иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни ин ҳамоиш бештари иштирокдорон аз ташаббуси навбатии кишвар дар робита ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо истиқбол намуда, омодагии хешро ҷиҳати дастгирии ин иқдоми муҳим дар арсаи байналмилалӣ изҳор карданд.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ









Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






