Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳии таърихию фарҳангӣ, экологию солимгардонӣ тавсеа мебахшанд

Сентябрь 17, 2021 16:50

ДУШАНБЕ, 17.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши сайёҳӣ  дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иззатуло Зарғомӣ, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ  ба Душанбе ташриф овардааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт.

Зикр шуд, ки новобаста аз паҳншавии бемории фарогири COVID-19 соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти кишвар арзёбӣ гардида, дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворона рушд намуда истодааст.

Ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии таърихию фарҳангӣ, экологию солимгардонӣ изҳор намуд.

Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Эрон аз умқи таърих сарчашма мегирад ва ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дорои пайвандҳои таърихию меросӣ мебошанд.

Дар бораи зарфияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шуд, ки мероси бойи таърихию фарҳангӣ, табиати нодири ҳайвоноту растаниҳо, кӯҳҳои баланд ва осоишгоҳҳои муолиҷавӣ барои  ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд дар самти сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, саёҳати сайругаштӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва агротуризм мусоидат менамояд.

Мулоқот дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ба анҷом расид.

  Акс аз Кумитаи руши сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ

Сентябрь 17, 2021 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад