Толибон ба заноне, ки дар вазифаҳои «мардона» кор мекунанд, амр доданд дар хона бимонанд
ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Заноне, ки дар низоми хоҷагии шаҳрии Кобул дар вазифаҳое, ки мардон метавонанд онҳоро иҷро кунанд, фаъолият доранд, бояд дар хона монда, ба кор нараванд, изҳор дошт и. в. мири шаҳр Мавлавӣ Ҳамдулло Номанӣ. Дар ин бора имрӯз «РИА Новости» хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар хоҷагии шаҳрӣ 2,9 ҳазор нафар кор мекунанд. Аз ин шумора 27% заноне ҳастанд, ки аз ҷумла дар маъмурияти ноҳияҳо дар соҳаи сохтмон ва муҳандисӣ кор мекунанд.
«Мо ба он заноне иҷозати кор додем, ки онҳоро дар ҷои кор мардон иваз карда наметавонанд ва ё он кори мардона нест. Онҳо ҳар рӯз ба кор мераванд. Масалан, сухан дар бораи заноне меравад, ки дар ҳоҷатхонаҳои шаҳрии занона кор мекунанд — дар ҷое, ки ба мардон иҷозати кор дода намешавад”, — гуфт шаҳрдор. Видео дар шабакаи телевизионии AL Arabiya дар Твиттер нашр шудааст.
Вай афзуд, ки дар ноҳияҳо ва дафтарҳои марказӣ коргарзаноне ҳастанд, ки онҳоро мардон иваз карда наметавонанд: онҳо дар бахшҳои барқ ва сохтмон кор мекунанд.
«Аммо дар бораи вазифаҳое, ки дигарон (мардон — Идора) метавонанд бигиранд, мо ба онҳо (занон — Идора) гуфтем, ки то ба ҳолати муқаррарӣ баргаштани вазъ дар хона бимонанд. Ба онҳо маошашон дода мешавад”, — таъкид кард шаҳрдор.
Аввалҳои моҳи август “Толибон”* ҳамлаи худро ба неруҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълон карданд, ки ҷанг ба охир расидааст. Ду ҳафтаи охирини моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳимояи низомиёни ИМА қарор дошт, тахлияи оммавии шаҳрвандони Ғарб ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, сурат гирифт. Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ аз фурудгоҳи Кобул баромада, ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар Афғонистонро қатъ карданд.
6 сентябр толибон эълон карданд, ки Панҷшер, охирин аз 34 вилояти Афғонистон тавассути ҷангҳо таҳти назорати онҳо қарор гирифт. Рӯзи дигар ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон эълон карда шуд. Онро Муҳаммад Ҳасан Охунд сарварӣ мекунад, ки дар замони ҳукмронии аввали толибон вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
_________________________
*Толибон- ҳаракати радикалие, ки дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст
АКС аз бойгонӣ








Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд






