Толибон ба заноне, ки дар вазифаҳои «мардона» кор мекунанд, амр доданд дар хона бимонанд

Сентябрь 21, 2021 12:19

ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Заноне, ки дар низоми хоҷагии шаҳрии Кобул дар вазифаҳое, ки мардон метавонанд онҳоро иҷро кунанд, фаъолият доранд, бояд дар хона монда, ба кор нараванд, изҳор дошт и. в. мири шаҳр Мавлавӣ Ҳамдулло Номанӣ. Дар ин бора имрӯз «РИА Новости» хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар хоҷагии шаҳрӣ 2,9 ҳазор нафар кор мекунанд. Аз ин шумора 27% заноне ҳастанд, ки аз ҷумла дар маъмурияти ноҳияҳо дар соҳаи сохтмон ва муҳандисӣ кор мекунанд.

«Мо ба он заноне иҷозати кор додем, ки онҳоро дар ҷои кор мардон иваз карда наметавонанд ва ё он кори мардона нест. Онҳо ҳар рӯз ба кор мераванд. Масалан, сухан дар бораи заноне меравад, ки дар ҳоҷатхонаҳои шаҳрии занона кор мекунанд — дар ҷое, ки ба мардон иҷозати кор дода намешавад”, — гуфт шаҳрдор. Видео дар шабакаи телевизионии AL Arabiya дар Твиттер нашр шудааст.

Вай афзуд, ки дар ноҳияҳо ва дафтарҳои марказӣ коргарзаноне ҳастанд, ки онҳоро мардон иваз карда наметавонанд: онҳо дар бахшҳои барқ ​​ва сохтмон кор мекунанд.

«Аммо дар бораи вазифаҳое, ки дигарон (мардон — Идора) метавонанд бигиранд, мо ба онҳо (занон — Идора) гуфтем, ки то ба ҳолати муқаррарӣ баргаштани вазъ дар хона бимонанд. Ба онҳо маошашон дода мешавад”, — таъкид кард шаҳрдор.

Аввалҳои моҳи август “Толибон”* ҳамлаи худро ба неруҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълон карданд, ки ҷанг ба охир расидааст. Ду ҳафтаи охирини моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳимояи низомиёни ИМА қарор дошт, тахлияи оммавии шаҳрвандони Ғарб ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, сурат гирифт. Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ аз фурудгоҳи Кобул баромада, ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар Афғонистонро қатъ карданд.

6 сентябр толибон эълон карданд, ки Панҷшер, охирин аз 34 вилояти Афғонистон тавассути ҷангҳо таҳти назорати онҳо қарор гирифт. Рӯзи дигар ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон эълон карда шуд. Онро Муҳаммад Ҳасан Охунд сарварӣ мекунад, ки дар замони ҳукмронии аввали толибон вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.

_________________________

*Толибон- ҳаракати радикалие, ки дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст

                                                                   АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 21, 2021 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд