ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Рӯзҳои наздик дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ба амал омадани тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 08.09.2021/АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 9 ва 10 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ вазиши шамол бо шиддати то 15-20 метр дар як сония дар назар аст. Инчунин 9-11 сентябр дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон ба амал омадани тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ мешавад, иттилоъ медиҳад Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Пас аз нимарӯзи 9 сентябр дар ноҳияҳои қисмати шимолу ҷанубии вилояти Хатлон ва рӯзҳои 10-11 сентябр дар вилояти Хатлон, хусусан дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Данғара, Ёвон, Восеъ, Панҷ, Фархор, Дустӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ: Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Рӯдакӣ бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг) ва заррачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10), Рм-2,5 (заррачаҳои андозаашон 2,5мкр) дар назар аст.
Аз ин рӯ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сайругашти бисёри рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, минтақаҳои камшамол, инчунин корҳои саҳроӣ, сохтмонӣ ва сафар худдорӣ намоянд.
Чунин омил ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила, беморони диққи нафас ва қалб таъсири манфӣ дорад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






