Узвияти Душанбе дар WTCF барои баромадан ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ нақши муассир мегузорад

Сентябрь 7, 2021 08:53

ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Пекин бо ташаббуси Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ /WTCF/ дар мавзӯи «Эҳёи  туризми ҷаҳонӣ ва фаъолсозии рушди шаҳр» (Revitalizing World Tourism and Energizing City Development) бо иштироки роҳбарияти Шӯрои (WTCF), Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, намояндагони шаҳрҳои нави узви федератсия Саммити сайёҳии WTCF  ва  Конфронси сайёҳӣ оид ба ҳамкорӣ ва рушд-2021 баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода тариқи маҷозӣ иштирок ва сухан намуд.

Зикр шуд, ки узвияти шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ барои баромадан ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ омили муҳим ба ҳисоб меравад. Дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ Душанбе бо таърих, табиат, фарҳанги   меросии худ таваҷҷуҳи сайёҳони  ҷаҳонро ҷалб намудааст. Ҷалби сармояҳои хориҷӣ дар бунёди меҳмонхонаҳои панҷситорадор, иншооти тиббӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, бунёди биноҳои истиқоматии замонавӣ ва иншооти тиҷоратӣ, чойхонаҳои бо нақшу нигори миллӣ ороёфта, кохҳои бо усулҳои муосири меъморӣ бунёдшуда, китобхонаву осорхонаҳояш, ки дар Осиёи Марказӣ беҳамтоанд, яке аз самтҳои афзалиятноки рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе мебошанд.

Баландтарин парчам дар ҷаҳон бо дарозии 165 метр маҳз дар шаҳри Душанбе қомат афрохта, дар китоби  «Рекордҳои Гиннес» сабт гардидааст ва он имрӯз яке аз мавзеъҳои истироҳативу сайёҳии сокинону меҳмонони пойтахт мебошад.

Дар пойтахт Кохи  «Наврӯз», ки аз намунаҳои олии санъати шаҳрсозии муосир буда, таҷассумгари сабки хоси меъмории миллист,  ҷойгир шудааст. Нақшу нигор ва унсурҳои фарҳанги ороишии он  таърихи беш аз 6000-солаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро инъикос мекунад ва ҳамчун муъҷизаи муосири сайёҳӣ эътироф шудааст.

Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи муаррифии таърихи пурғановати меъмориву шаҳрсозӣ, иқтидорҳои сайёҳӣ, табиати дилфиреб, обу чашмаҳои тоза ва гиёҳҳои нодири шифобахш бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе дар Саммити WTCF, ки аз 7 то 9 сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ба узвияти WTCF пазируфта шуд.

Шаҳри Душанбе хонаи умеди тоҷикони дунё буда, таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷиро бештар ҷалб  менамояд. Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои захираҳои бойи сайёҳию инфрасохтори мукаммал буда, солҳои охир ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ табдил ёфтааст.

Шаҳри Душанбе дар таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон аз ҷойгоҳи арзишманд бархӯрдор аст.

    АКС аз Кумитаи  рушди сайёҳии нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2021 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд