Вазири молияи Тоҷикистон бо ҳайати Донишкадаи илмию тадқиқотии молияи Русия мулоқот намуд

Сентябрь 27, 2021 14:45

ДУШАНБЕ, 27.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Файзиддин Қаҳҳорзода бо ҳайати Донишкадаи илмию тадқиқотии молияи Вазорати молияи Федератсияи Русия таҳти роҳбарии директори Маркази тадқиқотии макроиқтисодии Донишкадаи илмию тадқиқотии молияи Вазорати молияи Федератсияи Русия Самвел Лазарян вохӯрӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба Вазорати молия.

Вохӯрии мазкур дар доираи Барномаи ҳамкории дуҷониба миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Русия, ки ҳайати он ба Душанбе ташриф овардааст, баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати молияи Федератсияи Русия ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10 апрели соли 2019 дар аснои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия ба имзо расонида шудааст, ба рушди ҳамкорӣ такони нав бахшид.

Дар ҳошияи сафари гурӯҳи коршиносони Донишкадаи илмию тадқиқотии молияи Вазорати молияи Федератсияи Русия чорабиниҳо дар мавзӯъҳои идоракунии самараноки молияи давлатӣ, бахусус дар самтҳои беҳтарнамоии банақашагирии буҷетӣ дар қисмати даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ, муносибатҳои байнибуҷетӣ, идоракунии қарзи давлатӣ ва рушди бозори қоғазҳои қиматнок, таъмини шаффофияти буҷет, дурнамосозии макроиқтисодӣ ва ғайра баргузор мегарданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Русия иброз намуданд.

АКС: Вазорати молия

Сентябрь 27, 2021 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд