Дар Панҷакент ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ муассисаи таълимии хусусӣ ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 20.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва саҳми соҳибкорон Муассисаи таълимии хусусии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ расман ба фаъолият оғоз намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.
Муассисаи мазкур ба маблағи 550 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, барои 80 нафар хонанда дар як баст бо имконоти беҳтарини таълим пешбинӣ гардидааст.
Муассиса аз 2 ошёна, 16 синфхона, аз ҷумла 4 синфхонаи фаннӣ, синфхонаҳои компютерӣ, утоқҳои алоҳидаи фанҳои дақиқ, майдончаи варзишӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад.
Мактаби хусусии мазкур Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маорифро дар амал татбиқ намуда, барои омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ заминаи мусоид мегардад.
АКС: аз МИҲД шаҳри Панҷакент








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






