Ёдгор Файзов: Дар шаҳру ноҳияҳои Бадахшон 193 муассисаи таълимӣ ба маблағи 349 млн сомонӣ ба истифода дода шуданд

Сентябрь 1, 2021 15:00

ХОРУҒ, 01.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ машварати августии омӯзгорони  вилоят баргузор шуд, ки дар он раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ширкат намуда, онҳоро бо фарорасии соли нави таҳсил табрик кард.

Раиси вилоят аз дастовардҳои соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, баён дошт, ки  оғози соли таҳсили 2021 -2022 , Рӯзи дониш ва Дарси сулҳро мо имсол дар арафаи ҷашни миллиямон- 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамоем.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар зикр гардид, ки Ҳукумати кишвар раванди таълиму тарбияро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода, ҳамаи тадбирҳои заруриро дар ин самт амалӣ менамояд. Дар солҳои истиқлол соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯ ба инкишоф ниҳода, ба муваффақияти назаррас ноил гашт. Давоми 16 сол маблағгузорӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат аз 13,5 млн сомонии соли 2005 ба 139,9 млн сомонии соли 2020 афзоиш ёфта,  маблағгузории соҳаи маориф дар ин давра 10,4 баробар афзудааст. Музди меҳнати кормандони соҳаи маориф низ дар ин давра зиёд гардида, аз 71,5 сомонии соли 2005 ба 1302,9 сомонии соли 2020 расид, ки мизони афзоиши он 18,2 баробарро ташкил медиҳад.

Зикр шуд, ки дар вилоят бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории соҳаи маориф рӯ ба афзоиш ниҳода, дар ин давра 193 муассисаи таълимӣ ба маблағи 349 млн сомонӣ ба истифода дода шуд. Сохтмони 4 адад бинои маъмурии шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва бинои Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маблағи 26 миллион сомонӣ, 4 адад кӯдакистон бо маблағи 16 миллиону 343 000 сомонӣ ва бунёд, таҷдид ва навсозии 190 мактаб ба маблағи 347 миллиону 130 ҳазор сомонӣ аз ҷумлаи чунин корҳо мебошанд. Бояд иброз дошт, ки агар соли 1993 барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ 3 миллиону 347 400 сомонӣ ҷудо шуда бошад, соли 2020 ин маблағ ба 252 млн 623 900 сомонӣ расонида шуд, ки ин таносуб 70 маротиба зиёдтар мебошад.

Дар машварат масъалаи ширкати хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Зикр гардид, ки  давоми се соли охир дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои  табиӣ, риёзӣ ва гуманитарӣ хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят 8 медали тилло, 31 медали нуқра, 86 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар таърихи худ бори аввал аст, ки соҳаи маорифи вилоят ба чунин дастовард ноил шудааст. Ҳамчунин 82 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят дар олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 19 медал, аз ҷумла 3 медали тилло, 6 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ гардиданд.

Пас аз машварат маҳфилҳои гуногуни назди муассисаҳои таълимии вилоят дастовардҳои варзишию фарҳангӣ ва ҳунарҳои дастии омӯзгорону хонандагонро ба намоиш гузоштанд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Имсол дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 41 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кушониён синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
Дар ноҳияи Шаҳринав бинои нави шуъбаи рентгенӣ ба истифода дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон