ОШЁНИ УҚОБОН. Ба назари мутахассисон, имконоти гардишгарии Бадахшон фаровон аст, онро бояд самаранок истифода бурд
ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бори сеюм аст, ки кӯҳистони Помири Тоҷикистон ба «Садгонаи сабзтарин мавзеҳои сайёҳии ҷаҳон» («100 green destinations») дохил карда мешавад. Ин нукта зимни конфронси миллии сайёҳӣ, ки дар ноҳияи Ишкошими Бадахшон дар мавзӯи «Сайёҳии дохилӣ – омили рушди иқтисодиёти кишвар» баргузор гардид, зикр шуд.
Конфронси миллии сайёҳӣ дар мавзӯи «Сайёҳии дохилӣ – омили рушди иқтисодиёти кишвар» дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир гардид. Дар он муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода, муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умед Носирзода, раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе, роҳбарони суъбектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои татбиқи самараноки сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ, имконияти сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳифз ва муаррифии объектҳои табиию таърихӣ, омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, имконоти ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо номи «Боми ҷаҳон» низ маъмул аст, яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, бо рӯдҳои кӯҳӣ, кӯлҳо, манзараҳои беҳамто ва беш аз ҳама, кӯҳҳои баланд ва қулласорони сарбаафлокаш дар ҷаҳон шӯҳратёр гардидааст. Ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят инчунин мавҷудияти мавзеъҳои таърихию табобатӣ, ба монанди кӯли Сарез, чашмаҳои шифобахши «Гармчашма», «Авҷ», «Ямчун», «Ҷелондеҳ», «Бибӣ Фотимаи Заҳро», қалъаҳои «Ямчун», «Вамар», «Қаҳқаҳа», қуллаи баландтарин дар ҷаҳон –Исмоили Сомонӣ, пиряхҳои Помир ва чандин ёдгориҳои беназири таърихию фарҳангӣ мусоидат менамоянд.
Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи дӯстдорони сайру саёҳат ба имконияти сайёҳии кишвар, намояндагони сохторҳои сайёҳии вилоят ҳамасола дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ фаъолона иштирок намуда, зарфияти сайёҳии Бадахшонро муаррифӣ менамоянд.
Маводи итилоотии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ мавзеъҳои тамошобоби минтақаро фаро гирифта, миёни дӯстдорони сайру саёҳат ба таври ройгон паҳн карда мешавад. Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ маҳз барои боздид аз мавзеъҳои сайёҳии вилоят ба кишвар ворид шуда, ба намудҳои сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва экскурсионӣ машғул мешаванд.
Бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар вилоят Ассотсиатсияи экологӣ — фарҳангии сайёҳии Помир (PECTA) таъсис дода шудааст, ки беш аз 10 субъекти хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродии соҳаи туризмро муттаҳид месозад.
Бо мақсади мусоидат дар пешбурди фаъолияти сайёҳӣ, таъмини рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии вилоят ба 50 субъекти хоҷагидори вилоят иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки конфронси мазкур дар заминаи пресс — тур оид ба имконияти қабулу хизматрасониҳои сайёҳӣ дар хатсайри сайёҳии Душанбе-Дарвоз-Хоруғ-Ишкошим-Хоруғ-Рӯшон-Душанбе барои намояндагони ВАО ва доираҳои сайёҳие, ки бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардида, дар заминаи татбиқи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифии зарфияти хоси сайёҳии кишвар муҳим арзёбӣ мегарданд, доир шуд.

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар самти афзун намудани шумораи маконҳои сайёҳӣ ва ба вуҷуд овардани имконоти зарурӣ ҷиҳати қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ барномаҳо таҳия намуда, тадбирҳои зарурӣ меандешад. Зеро Бадахшон бо қуллаҳои сафеду осмонбӯс, рӯду дарёҳои пуртуғён, чашмаҳои обашон софу дармонбахш ва муҳимтарин аз ҳама бештар бо одамони ганҷофару меҳмонпарвараш дар олам машҳур аст.
Чуноне шоири шаҳири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода фармудаанд:
Бадахшон сарзамини кӯҳсорӣ,
Чи хушбоду ҳавову обшорӣ.
Уқобонро фазоят ошён аст,
Заминат бахти инсонро макон аст.
Чӣ гӯям аз баландии мақомат,
Ки худ як номи ту Боми Ҷаҳон аст.
Иштирокчиёни конфронси миллии сайёҳӣ ҳамзамон аз намоиши имконоти сайёҳию ҳунармандӣ ва кишоварзӣ, инчунин қалъаҳои таърихии «Қаҳқаҳа», «Ямчун» ва чашмаҳои гарми шифобахши «Гармчашма» ва «Бифотимаи Заҳро» боздид намуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
Душанбе-Ишкошим-Душанбе
АКСҲО аз АМИТ «Ховар»










Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд






