ОШЁНИ УҚОБОН. Ба назари мутахассисон, имконоти гардишгарии Бадахшон фаровон аст, онро бояд самаранок истифода бурд

Сентябрь 23, 2021 14:15

ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бори сеюм аст, ки кӯҳистони Помири Тоҷикистон ба «Садгонаи сабзтарин  мавзеҳои сайёҳии   ҷаҳон» («100 green destinations») дохил карда мешавад. Ин нукта  зимни конфронси миллии сайёҳӣ, ки дар ноҳияи Ишкошими Бадахшон дар мавзӯи «Сайёҳии дохилӣ – омили рушди иқтисодиёти кишвар» баргузор гардид, зикр шуд.

Конфронси  миллии сайёҳӣ дар мавзӯи «Сайёҳии дохилӣ – омили рушди иқтисодиёти кишвар» дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  доир гардид. Дар он муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода, муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умед Носирзода, раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе,  роҳбарони суъбектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори омма  иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои татбиқи самараноки сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ, имконияти сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,   ҳифз ва муаррифии объектҳои табиию таърихӣ,  омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ,  имконоти ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.


Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо номи «Боми ҷаҳон» низ  маъмул аст, яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, бо рӯдҳои кӯҳӣ, кӯлҳо, манзараҳои беҳамто ва беш аз ҳама, кӯҳҳои баланд ва қулласорони сарбаафлокаш дар ҷаҳон шӯҳратёр гардидааст. Ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят инчунин мавҷудияти мавзеъҳои таърихию табобатӣ, ба монанди кӯли Сарез, чашмаҳои шифобахши «Гармчашма», «Авҷ», «Ямчун», «Ҷелондеҳ», «Бибӣ Фотимаи Заҳро», қалъаҳои «Ямчун», «Вамар», «Қаҳқаҳа», қуллаи баландтарин дар ҷаҳон –Исмоили Сомонӣ,  пиряхҳои Помир ва чандин ёдгориҳои беназири таърихию фарҳангӣ мусоидат менамоянд.

Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи дӯстдорони сайру саёҳат ба имконияти сайёҳии кишвар, намояндагони сохторҳои сайёҳии вилоят ҳамасола дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ фаъолона иштирок намуда, зарфияти  сайёҳии Бадахшонро муаррифӣ менамоянд.

Маводи итилоотии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ мавзеъҳои тамошобоби минтақаро фаро гирифта, миёни дӯстдорони сайру саёҳат ба таври ройгон паҳн карда мешавад. Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ маҳз барои боздид аз мавзеъҳои сайёҳии вилоят ба кишвар ворид шуда, ба намудҳои сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва экскурсионӣ машғул мешаванд.

Бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар вилоят Ассотсиатсияи экологӣ — фарҳангии сайёҳии Помир (PECTA) таъсис дода шудааст, ки беш аз 10 субъекти хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродии соҳаи туризмро муттаҳид месозад.

Бо мақсади мусоидат дар пешбурди фаъолияти сайёҳӣ, таъмини рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии вилоят ба 50 субъекти хоҷагидори вилоят иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки конфронси мазкур дар заминаи пресс — тур оид ба  имконияти қабулу хизматрасониҳои  сайёҳӣ дар хатсайри сайёҳии Душанбе-Дарвоз-Хоруғ-Ишкошим-Хоруғ-Рӯшон-Душанбе барои намояндагони ВАО  ва  доираҳои сайёҳие, ки бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ   дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардида, дар заминаи татбиқи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифии зарфияти хоси сайёҳии кишвар муҳим арзёбӣ мегарданд, доир шуд.


Бахшида ба Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар самти афзун намудани шумораи маконҳои сайёҳӣ ва ба вуҷуд овардани имконоти зарурӣ ҷиҳати қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ барномаҳо таҳия намуда, тадбирҳои зарурӣ меандешад. Зеро Бадахшон бо қуллаҳои сафеду осмонбӯс, рӯду дарёҳои пуртуғён, чашмаҳои обашон софу дармонбахш ва муҳимтарин аз ҳама бештар бо одамони ганҷофару меҳмонпарвараш дар олам машҳур аст.

Чуноне шоири шаҳири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода фармудаанд:

                                          Бадахшон сарзамини кӯҳсорӣ,

                                         Чи хушбоду ҳавову обшорӣ.

                                         Уқобонро фазоят ошён аст,

                                         Заминат бахти инсонро макон аст.

                                         Чӣ гӯям аз баландии мақомат,

                                         Ки худ як номи ту Боми Ҷаҳон аст.

Иштирокчиёни конфронси миллии сайёҳӣ ҳамзамон аз намоиши имконоти сайёҳию ҳунармандӣ ва кишоварзӣ, инчунин қалъаҳои  таърихии «Қаҳқаҳа», «Ямчун» ва чашмаҳои гарми  шифобахши «Гармчашма» ва «Бифотимаи Заҳро» боздид намуданд.

                                                  Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

                                                                  Душанбе-Ишкошим-Душанбе

                    АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Сентябрь 23, 2021 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дари худро ба рӯйи сокинону сайёҳон боз намуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Сайёҳон бештар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд