«Зодагони даврони Истиқлол». Таҳти ин унвон дар Душанбе озмуни расмкашӣ ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 27.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 15 сентябр ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75-солагии таъсиси Хазинаи кӯдакони СММ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Зодагони даврони Истиқлол» озмуни расмкашӣ ҷараён дорад, иттилоъ доданд аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Озмуни мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ доир гардида, мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи марифати кӯдакону наврасон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ, ҳисси эҳтиром ба ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва мавқеи шаҳрвандии онҳо, ташаккули ҷаҳонбинӣ, зебоипарастӣ ва таҳкими неруи эҷодии кӯдакон мебошад.
Озмун аз 3 давр иборат буда, даври аввали он аз 15 то 30 сентябр дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе идома меёбад. Даври шаҳрии озмун аз 10 то 14 октябр баргузор гардида, натиҷаи ҷамъбасти озмун бо баргузории чорабинии фарҳангӣ дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе 15 октябр дар назар дошта шудааст.
Дар озмун кӯдакону наврасони аз 7 то 18-сола метавонанд ширкат намоянд.
Ғолибони озмун ва омӯзгорони онҳо бо ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз мегарданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






