30 нафар занону духтарон аз оилаҳои ниёзманди шаҳри Хуҷанд соҳиби шаҳодатномаи дӯзандагӣ шуданд

Октябрь 26, 2021 11:31

ДУШАНБЕ 26.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи амалишавии як лоиҳаи иҷтимоӣ дар Хуҷанд 30 нафар занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд соҳиби шаҳодатномаи касби дӯзандагӣ ва пазандагӣ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд.

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Сафӣ» бо мақсади бо ҷойи кори доимӣ ва шуғл фаро гирифтани занону духтарон курси думоҳаи омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагӣ ва кадбонугӣ ба роҳ монд, ки дар ин муддат занону духтарон нозукиҳои ин касбҳоро аз худ намуданд.

Баъди ба итмом расидани омӯзиш аз ҷониби директори КВД «Маркази таълимӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва масъулини шуъбаи кор бо занон ва оила ба занону духтарон шаҳодатнома ва тафдону мошинаҳои дарздӯзӣ супорида шуданд.

АКС: МИҲД-и шаҳри Хуҷанд

Октябрь 26, 2021 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад