ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар Душанбе Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.10.2021 /АМИТ «Ховар» /. Дар Душанбе 27-29 октябри соли 2021 бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи ИДМ Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид. Дар анҷуман муаллимон ва намояндагони соҳаи маорифи Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистан, инчунин Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.
Дар доираи анҷуман нахустин Фестивали маҳорати педагогии омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид. Дар он аз рӯйи номинаҳои «Муаллим», «Мураббӣ» ва «Равоншиносӣ» иштирокдорон оид ба таҷрибаи худ маърӯза пешниҳод намуданд.