МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад

Октябрь 4, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ тибқи нақша  дар 611 ҳазору 772 гектар бояд шудгор гузаронида шавад. То 25 сентябри соли равон дар 11 ҳазору 648 гектар  шудгор гузаронида шудааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо мақсади истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корами обӣ ва гирифтани ҳосили фаровон шудгор барои кишти тирамоҳӣ, барвақтӣ ва баҳории соли 2026-2027 гузаронида мешавад.

Шудгор дар фасли тирамоҳ, пас аз ҷамъоварии ҳосили зироат аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр (то саршавии хунукиҳои шадид ва ях бастани замин) гузаронида мешавад. Давраи беҳтарин ва самарабахши он моҳҳои октябр ва ноябр мебошад, зеро дар ин вақт замин ҳанӯз рутубати муайян дошта, барои шудгор кардан ва нест кардани алафҳои бегона ва зараррасонҳо хеле мувофиқ аст.

Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзии мамлакат, кишоварзон бояд дар ин шабу рӯз замини киштро шудгор намоянд, зеро сари вақт ва хушсифат шудгор намудани замин омили ба даст овардани ҳосили баланди зироати кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.

Ба тавсияи мутахассисони соҳа, шудгори барвақтӣ, ки дар фасли тирамоҳ гузаронида мешавад, замина барои ҳосили фаровон мебошад. Зеро замин як муддат дам гирифта, мулоим шуда, дар сардии ҳаво алафҳои бегона нобуд ва дар натиҷа ҳосили фаровон ба даст меояд. Агар шудгор босифат гузаронида шавад, яъне хок хуб майда шуда, пору ва алафҳои бегона зери хок гардонида шаванд, дар ин ҳолат тухми алафҳои бегонаю ҳашароти зараррасон ва барангезандаи касалиҳо кам ва ё пурра нест мешавад. Чуқурии шудгори тирамоҳӣ бояд аз 30 то 40 сантиметрро ташкил диҳад. Вақте муҳлати шудгор ва чуқурии он таъмин гардид, аз заминҳо ҳосили хуб рӯёнидан мумкин аст.

Мутахассисон иброз медоранд, ки агар кишоварзон баъди гузаронидани шудгор дар заминҳои кишти зироати гандум ва пахта яхоб монда бошанд, аз он замин метавон ҳосили баланду дилхоҳ рӯёнид. Зеро ҳангоми яхобмонӣ дар чуқурии ним метр ҳашароти мавҷуда нобуд мешаванд, ҳамчунин дар ин чуқуриҳо ба миқдори зиёд об захира мегардад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 4, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон
ОЗОДАПАЛАНГ- ҲАЙВОНИ НОДИРИ КӮҲҲОИ БАРФПӮШИ ТОҶИКИСТОН
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
ТОҶИКИСТОН ВА СҲШ: аз муколамаи сиёсӣ то ҳамкории амалӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Ташаббуси қонунгузорӣ оид ба манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши яклухту чаканаи сигаретаҳои электронӣ -қадами муҳим дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»