Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ бо татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» дар вилояти Суғд шинос шуд

Октябрь 20, 2021 10:13

ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ бо роҳбарии  хонум Миря Чанна Шеблом, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, барои аз наздик шинос шудан бо ҷараёни амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод, иттилоъ доданд ба АМИТ “Ховар” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Зимни сафар ҳайати намояндагони Бонки ҷаҳонӣ бо шароити фаъолияти  муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарии ноҳияи Зафаробод- яке аз ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа дар вилояти Суғд шинос шуданд.

Ноҳияи Зафаробод аз соли 2021 ба рӯйхати ноҳияҳои таҷрибавӣ дохил шуда, аз рӯи механизми  маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият (МАНФ) ба кор шурӯъ кард.

Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва масъулони лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” иброз доштанд, ки айни ҳол таъмиру  таҷдиди 4 маркази саломатӣ ва таъмини ин марказҳо бо таҷҳизоти тиббиву мебели махсус дар назар аст.

Гурӯҳи корӣ ҳамчунин бо фаъолияти муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарии ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов аз наздик шинос шуд. Боздид аз марказҳои саломатии Куруш дар ноҳияи Спитамен бори дигар собит сохт, ки муассисаҳое, ки  чанд сол қабл бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ бунёд гардида буданд, то имрӯз мавриди истифода қарор доранд.

Ворид намудани ҳамгироии механизми маблағгузории сарикасӣ дар заминаи маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият (МАНФ) яке аз нақшаҳои асосии Лоиҳа ва Бонки ҷаҳонӣ буда, қарор аст он ба ноҳияи Спитамен ба таври таҷрибавӣ ворид карда шавад. Ин масъала миёни масъулони соҳа, намояндагони раёсатҳои молия ва тандурустии вилояти Суғд, роҳбарони лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” ва номояндагони Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар маркази саломатии Ғулакандоз истифодаи самараноки иловапулиҳо, аз ин ҳисоб  таъмири бино ва ҳуҷраҳои корӣ, хариди таҷҳизоти зарурии тиббӣ соҳиби баҳои баланди меҳмонон гардид.

Марказҳои саломатии Париж, Комунна ва Меҳробод дар ноҳияи Ҷаббор Расулов намунаи муассисаҳои навеанд, ки аз ҷониби  Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ ба истифода дода шудаанд. Ин муассисаҳо дорои тамоми шароити корӣ ва имконияти хуби хизматрасонӣ ба аҳолӣ мебошанд. Сохтмони  марказҳои саломатӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидани онҳо имкон додааст, ки кормандони тиб сари вақт ва бо сифати баланд ба аҳолӣ хизмат расонанд ва  барои пешгирии бемориҳо, таъмини саривақтии иммунизатсия ва ташхису табобат мусоидат кунанд.

АКС аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Октябрь 20, 2021 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд