Ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви ИДМ дар Тоҷикистон доир мешавад
ДУШАНБЕ, 22.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви ИДМ соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бино иттилои манбаъ, ин тасмим 21 октябр зимни иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар ҷаласаи XXIV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, гирифта шуд.
Ҷаласаи XXIV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви ИДМро Раиси Шӯро Талгат Сотиев ифтитоҳ намуд. Сипас аз номи Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ мушовири департаменти ҳамкории иқтисодӣ Елена Валевич иштирокдорони ҷаласаро хайрамайдам гуфт.
Баъди ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти Шӯрои байниҳукуматӣ дар тӯли 2 сол Раёсати Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҷониби Узбекистон дода шуд.
Оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти геологияи дар давраи солҳои 2019-2021, иҷрои қарорҳои ҷаласаи XXIII Шӯрои байниҳукуматӣ ва лоиҳа дар доираи Нақшаи муштараки корҳо барои оянда оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви ИДМ барои солҳои 2021-2025 дар баробари намояндагони ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Федератсияи Русия аз ҷониби Тоҷикистон Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода низ сухан кард.
Баъди баррасии масъалаҳои марбут ба соҳаи геологияи ИДМ роҳбарони ҳайатҳо якчанд қарорҳоро ба имзо расониданд.
Аксҳо аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ








Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд






