Ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви ИДМ дар Тоҷикистон доир мешавад

Октябрь 22, 2021 09:10

ДУШАНБЕ, 22.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии  давлатҳои узви ИДМ соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино иттилои манбаъ, ин тасмим 21 октябр зимни иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар ҷаласаи XXIV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии  давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, гирифта шуд.

Ҷаласаи XXIV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии  давлатҳои узви ИДМро Раиси Шӯро Талгат Сотиев ифтитоҳ намуд. Сипас аз номи Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ мушовири департаменти ҳамкории иқтисодӣ Елена Валевич  иштирокдорони ҷаласаро хайрамайдам гуфт.

Баъди ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти Шӯрои байниҳукуматӣ дар тӯли 2 сол  Раёсати Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии  давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ба ҷониби Узбекистон дода шуд.

Оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти геологияи дар давраи солҳои 2019-2021, иҷрои қарорҳои ҷаласаи XXIII Шӯрои байниҳукуматӣ ва лоиҳа дар доираи Нақшаи муштараки корҳо барои оянда оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии  давлатҳои узви ИДМ барои солҳои 2021-2025 дар баробари намояндагони ҷумҳуриҳои  Арманистон, Беларус,  Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва  Федератсияи Русия аз ҷониби Тоҷикистон Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Илҳомҷон Оймуҳаммадзода низ сухан кард.

Баъди баррасии масъалаҳои марбут ба соҳаи геологияи ИДМ роҳбарони ҳайатҳо якчанд қарорҳоро ба имзо расониданд.

Аксҳо аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ

Октябрь 22, 2021 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва инноватсияро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳднома оид ба ҳампаймонӣ муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад»
Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Намояндаи Тоҷикистон дар машваратҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи сафирон оид ба Саммити Оянда иштирок намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҳамоиш бахшида ба раёсати Қазоқистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҷавонон дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд
Дар Ашқобод ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда баррасӣ шуд