Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Тоҷикистон баргузор мешавад

Октябрь 14, 2021 16:18

ДУШАНБЕ, 14.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 октябр дар шаҳри  Минск ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи ИДМ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар поёни ҷаласа сарони ҳайатҳо 14 қарорро имзо карданд, аз ҷумла  лоиҳаи Изҳороти сарони давлатҳои узви Иттиҳодро ба муносибати 30-юмин солгарди ИДМ қабул карда, нақшаи баргузории бисёрҷонибаи машваратҳои сатҳи байниидоравӣ дар доираи Иттиҳод барои соли 2022, Низомнома дар бораи Ассотсиатсияи байналмилалии (комиссияи) таърихшиносон ва бойгонишиносони кишварҳои узви ИДМ ва дигар қарорҳоро тасдиқ намуданд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ 8 апрели соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

                АКС аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ

Октябрь 14, 2021 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд