Ҷаласаи шашуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Украина доир гардид

Октябрь 28, 2021 09:24

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 27 октябр ҷаласаи шашуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Украина оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ тариқи видеоконфронс баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси қисми тоҷикистонии Комиссия Рухшона Насриддинзода роҳбарӣ намуд. Ҳайати Украинаро муовини Вазири иқтисоди Украина — намояндаи тиҷоратии Украина, раиси қисми украинии Комиссия Тарас Качка роҳбарӣ мекард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба табодули афкор намуданд. Р. Насриддинзода таъкид кард, ки барои Тоҷикистон таҳкими равобити дуҷонибаи мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодӣ бо Украина вазифаи муҳим ба ҳисоб меравад.

Дар робита ба ин, Р. Насриддинзода пешниҳод намуд, ки рӯйхати интиқолҳои мутақобилаи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Украина васеъ карда шавад.

Ҳамзамон ба масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар лоиҳаҳои муштараки сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҷонибҳо инчунин муҳимияти идомаи корҳо ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтидори транзити ҳарду кишварро зикр намуда, масъалаи азсаргирии парвозҳои мустақими мусофирбарӣ дар масири Киев-Душанбе-Киевро баррасӣ намуданд.

Дар доираи ҷаласаи мазкур ба ҷонибҳо дастур дода шуд, ки ҳамкории мутақобилан судмандро дар самтҳои маориф, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн идома диҳанд.

Дар анҷоми ҷаласа Протокол ба имзо расид.

АКС аз сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Октябрь 28, 2021 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад