«Амнияти обӣ барои сулҳ ва рушд». Дар Душанбе конференсияи минтақавии омодагии Осиёи Марказӣ ба 9-умин Форуми ҷаҳонии об доир шуд

Октябрь 19, 2021 13:25

ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалии рушд Конференси минтақавии омодагии Осиёи Марказӣ ба 9-умин Форуми ҷаҳонии об «Амнияти обӣ барои сулҳ ва рушд» баргузор гардид, ки дар он  намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, инчунин намояндагони ВАО иштирок ва суханронӣ намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода иброз намуд, ки «Даҳсолаи нави амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидааст, бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҷаҳони имрӯза масъалаи об аз масоили асосӣ ва рӯзмарра ба шумор меравад. Барои рушди устувор, саломатии инсонҳо, таъмини амнияти экологӣ ва пешрафти иқтисодӣ дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, санитария, истифодаи оқилонаи захираҳои об  аҳамияти бузург доранд».

Мавсуф зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи аввали таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ҳамчун кишвари ташаббускор дар қатори дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ узви фаъоли ин созмон мебошад. Мақсад аз таъсис додани ФБНА, пеш аз ҳама, бартарафсозии буҳрони экологӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳавзаи баҳри Арал буд, ки батадриҷ пастшавии сатҳи онро ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз фоҷеаҳои асри ХХ арзёбӣ менамояд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон раёсат дар Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Аралро барои солҳои 2020-2023 қабул кард. Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ фаъолият намудани раёсати Фонди мазкур қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 тасдиқ гардид. Аз моҳи октябри соли 2020 Кумитаи иҷроияи Фонди мазкур фаъолияти худро оғоз намуд.

Сардори Раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  Далер Абдураззоқзода иброз дошт, ки «имрӯз дар конференсия дар доираи суханронӣ фикру андешаҳои гуногун марбут ба масъалаҳои об баён карда мешаванд. Тамоми фикру пешниҳодоти иштирокдорон ҷамъбаст гардида, дар ҳуҷҷати асосии ин конференсия дарҷ ва ба Форуми 9-уми ҷаҳонӣ пешкаш мегарданд, то мавқеи минтақаи Осиёи Марказӣ дар масъалаҳои обӣ дар ин Форум ба инобат гирифта шавад.

Мавсуф зикр дошт, ки яке аз масъалаи асосии имрӯза- ин «Таъминоти обӣ нӯшокӣ ва санитария» мебошад. Ин масъала дар Осиёи Марказӣ яке аз масъалаҳои рӯзмарра  мебошад, зеро на ҳамаи аҳолии минтақа бо системаи обрасонанда таъминанд. Агар дар мисоли Тоҷикистон гирем, қариб 60 фоизи аҳолии Тоҷикистон ба системаи таъминоти оби нӯшокӣ дастрасӣ дорад. Дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ чунин мушкилот ҷой доранд, аз ин рӯ дар доираи ин форум  масъалаҳои оби нӯшокӣ ва роҳи ҳалли мушкилоти соҳа баррасӣ ва хулосаҳои дахлдор бароварда мешаванд.

Ҳамчунин имрӯз масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамкории минтақавӣ оид ба об, таъмини ҳамбастагӣ бо об, озуқа ва энергетика, истифодаи самараноки об дар кишоварзӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ мегарданд.  Ҳамаи ин кӯшишҳо ба хотири бартараф кардани мушкилоти обӣ равона гардидаанд.

Тавре зикр шуд, чунин Форум дар се сол як маротиба доир гардида, дар он беш аз 40 ҳазор нафар аз тамоми ҷаҳон иштирок менамоянд.

Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал (ХБНА) ва ҳамзамон директори филиали Кумитаи иҷроияи ХБНА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлон Казаков зикр намуд, ки 9-умин Форуми ҷаҳонии об 22 ва 26 марти соли 2022 дар шаҳри Даккаи Ҷумҳурии Сенегал баргузор мегардад. Форуми мазкур, ки таҳти шиори «Амнияти обӣ барои сулҳ ва рушд» доир мешавад, чор самти асосиро дар бар мегирад: бехатарӣ, беҳдошти об, ҳамкорӣ ва об барои рушди деҳа, воситаҳо ва асбоб.

Ҳадафи Форуми навбатии ҷаҳонии об- ин иҷро гардидани ҳадафҳои рушди устувор ва инчунин пешрафту амалӣ гардидани ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» мебошад.

Ёдовар мешавем, ки кори Конференсияи минтақавии омодагии Осиёи Марказӣ ба 9-умин Форуми ҷаҳонии об «Амнияти обӣ барои сулҳ ва рушд» пагоҳ низ идома меёбад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Октябрь 19, 2021 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Машҳади Эрон нишасти илмиву адабӣ баргузор гардид
Дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футбол байни ҷавонони то 20-сола доир мегардад
Дар Прага оид ба роҳбарии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалии марбут ба мудирияти об чорабинӣ доир шуд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар самти баргузории конфронсҳо баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ҷаласаи дуюми навбатии Шурои иҷроияи Созмони Милали Муттаҳид – Занонро раисӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Анҷумани 31-уми иқтисодӣ-муҳитизистии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд
Шараф Шерализода бо Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии метереологӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон ширкатҳои Кореяро ба ҳамкорӣ дар бахши истихроҷ ва коркарди маъдан даъват намуд
Исматулло Насредин бо директори Маркази пешгирии низоъҳои Котиботи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баргузории чорабиниҳои муштаракро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Лондон 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд